Ба буҷет 9 млн доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 тибқи маълумоти фаврии Вазорати молия, ҳудуди 3 млрд 536 млн сомонӣ (313 млн доллар)-ро ташкил дод. Маблағи мазкур ба андозаи 2,9% ё худ маблағи зиёда аз 100 млн сомонӣ (беш аз 9 млн доллар) камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад. Пурра иҷро нашудани нақшаи буҷет дар […]

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли 2021 тибқи маълумоти фаврии Вазорати молия, ҳудуди 3 млрд 536 млн сомонӣ (313 млн доллар)-ро ташкил дод.

Маблағи мазкур ба андозаи 2,9% ё худ маблағи зиёда аз 100 млн сомонӣ (беш аз 9 млн доллар) камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Пурра иҷро нашудани нақшаи буҷет дар навбати аввал ба даромадҳои ғайриандозӣ вобаста аст: даромадҳо аз истифода ва фурӯши амволи давлатӣ, даромадҳо аз хизматрасониҳои давлатии пулакӣ ва ғайра.

Нисбат соли гузашта дар ҳамин давраи соли равон ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз) зиёд шуда, ҳудуди 80%-и даромади буҷаро дар ду моҳи аввали соли равон ташкил доданд.

Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  27,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи ҳудуди 18,6 млрд сомонӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ – наздики 1,4 млрд сомонӣ, грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои байнулмилалии молиявӣ – 300 млн сомонӣ, аз ҳисоби гранту қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 4,9 млрд сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ – ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.