Омодагии «KazakhЕxport» ҷиҳати мусоидат ба ТАЛКО барои дастрасии қарз аз БАОР

Байни ҶС «ЭСК «KazakhЕxport», ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ва Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯзи 18 март дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. “Дар чаҳорчӯби ин санад ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми содироти кокси обутобёфтаи нафтӣ, мертел ва феррофосфори электротермӣ аз Қазоқистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни ҶС «ЭСК «KazakhЕxport», ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ва Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯзи 18 март дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

“Дар чаҳорчӯби ин санад ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми содироти кокси обутобёфтаи нафтӣ, мертел ва феррофосфори электротермӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст", – хабар медиҳад «KazakhЕxport».

Гуфта мешавад, маҳсулот барои эҳтиёҷоти ТАЛКО бо истифода аз воситаҳои молиявӣ ва суғуртавии «KazakhЕxport» содирот мегардад.   

«KazakhЕxport» ба рӯйпӯши суғуртавии БАОР ба маблағи 15 млн доллар тибқи қарзи ҶСК "ТАЛКО" ҷиҳати пур кардани воситаҳои гардиш барои харидани маҳсулот аз истеҳсолкунандагони қазоқистонӣ омода аст”, – омадааст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дафтари кории намояндагии «ЭСК «KazakhЕxport» боз шуд.

Роҳандозии маблағгузорӣ ба содироти чархболи навъи Airbus Helicopters-и ширкати «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» барои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузург шуморида мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавриди содироти сохторҳои фулузӣ (металлопрокат) барои сохтмони неругоҳи Роғун, автобус ва автомобилҳои васлу насби Қазоқистон ба Тоҷикистон лоиҳаҳои бузург амалӣ шудааст.  

Ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» – корхонаи зертобеъи Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон оид ба пешбурди содироти маҳсулоти ғайриашёӣ ва хизматрасониҳо мебошад. Фаъолияти асосии ширкат ба дастгирии афзоиши содироти маҳсулоти ғайриашёӣ, кору хизматрасониҳо дар бахшҳои афзалияноки иқтисод ва таҷрибаандӯзӣ дар бахши молияву суғурта ва дастгирии ғайримолиявии корхонаҳои Қазоқистон равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.