Ниёзи Тоҷикистон ба 10,2 млрд доллар барои рушди миёнамуҳлат

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзи 18 март оид ба баррасии Лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мизи гирд доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, коршиносони соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.

Зимни суханонӣ дар ин чорабинӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода зикр кард, ки лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушд бо назардошти фикру таклифҳои тарафҳои ҳавасманд таҳия гардидаааст.

Ба гуфтаи вай, дар барнома роҳандозии 765 тадбирҳои зарурӣ бо истифода аз ҳамаи имконоту захираҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар пешбинӣ шудааст.

Муаррифӣ гардид, ки арзиши умумии лоиҳаи барномаи мазкур 115,3 млрд. сомонӣ ё худ ҳудуди 10,2 млрд доллар буда, аз он 51,3 млрд. сомонӣ (44,5 фоиз) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, 35,1 млрд. сомонӣ (30,5 фоиз) маблағҳои шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ (25 фоиз) маблағҳои бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Мунео Такасака ва дигарон вобаста ба лоиҳаи БМР 2021-2025 мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод карда, ҷиҳати саҳм гузоштан дар маблағгузории лоиҳаи ин барнома изҳори омодагӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки дар натиҷаи амалисозии Барномаи охири рушди миёнамуҳлати кишвар (солҳои 2016-2020) натиҷаҳои зерин ҳосил шуданд:

– рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд;

– сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд;

– даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба афзуд;

– ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 26 фоиз зиёд шуд;

– мавқеи Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ 59 зина ва нишондиҳандаи сифати инфрасохтори роҳҳо тибқи арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ 32 зина беҳтар гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...