“Тоҷикматлубот” барои бозори “Панҷшанбе” бе баҳс 3,3 миллион сомонӣ пардохт

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тоҷикматлубот ба соҳиби қаблии бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҶСП “Фартуна” беш аз 3 миллион сомониеро, ки бо қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муваззаф шуда буд, пардохт.

"Панҷшанбе" калонтарин бозори хӯрокифурӯшии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аст, ки 20 сол дар тобеияти “Фартуна” буд ва бар пайи як баҳс бо ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ, соли гузашта ба  "Тоҷикматлубот" баргардонида шуд.

Хуршеда Бобоева, мудири бозори “Панҷшанбе”-и Иттифоқи "Тоҷикматлубот" дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, баргардонидани маблағ бе баҳсҳои зиёдӣ ҳалли худро ёфт.

“Тоҷикматлубот ба суратҳисоби ҷамъияти “Фартуна” 3 миллиону 385 ҳазору 169 сомонӣ гузаронид ва баҳс ба охир расид”.

Бозори “Панҷшанбе” соли 1964 бунёд шуда, соли 1998 муфлис гардидаву аз сӯи ҷамъияти “Фартуна” хусусӣ гардонида шуда буд. Қаблан Муҳаммадӣ Мирзоев, иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд зимни як нишаст гуфта буд, бо гузашти беш аз 20 сол ва дар асоси ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ, бозори “Панҷшанбе” моҳи августи соли 2020, ба моликияти “Тоҷикматлубот” соҳиби қаблияш баргардонида шуд. Вай гуфта буда дар сурати “Тоҷикматлубот” ихтиёран маблағи бо қарори додгоҳи иқтисодӣ муайян шударо пардохт накардан,  ҷамъияти “Фартуна” метавонад ба судиҷрочиён муроҷиат кунанд. 

Бино ба гуфти баъзе аз масъулини бозор ин маблағҳое ҳаст, ки ҷамъияти "Фартуна" дар тӯли солҳо барои ободониву нигаҳдоӣ ва хариди дастгоҳҳо ба бозор сарф карф кардааст.

Бозори “Панҷшанбе” аз ду ошёна иборат буда 300 нуқтаи савдо дорад ва дар дохилу атрофи он 1280 нафар бо савдои молу маҳсулот машғуланд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...