Допинг дар варзиши тоҷик. Боз киҳо барои ин маводи мамнӯъ муҷозот шуданд?

The Athletics Integrity Unit 15 март Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва ягонаи қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар  дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Бар асоси ин тасмим, ягона қаҳрамони олимпии Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат кунад. Дар ин бора мо чанде пеш хабар дода, тасмим гирифтем, […]

The Athletics Integrity Unit 15 март Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва ягонаи қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 аз Тоҷикистонро барои 2 сол аз ҳаққи иштирок дар  дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Бар асоси ин тасмим, ягона қаҳрамони олимпии Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат кунад.

Дар ин бора мо чанде пеш хабар дода, тасмим гирифтем, ки варзишгарони дигари тоҷикро, ки ба истеъмоли допинг гунаҳкор шуда буданд, ба хотир орем.

Боз киҳо барои допинг аз мусобиқаҳо маҳрум шуданд?

Соли 2017 дзюдочӣ Ҳоҷимашраб Раҳмонов ба истеъмоли допинг гунаҳкор дониста шуд. Ӯро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба муҳалти 4 сол маҳрум намуда, 16 ҳазор доллар ҷарима карданд. Як сол пеш аз ин Раҳмонов барои дарёфти медали биринҷии Ҷемпионати Осиё оид ба дзюдо бо мукофотпулии 6 ҳазору 250 сомонӣ сарфароз гардида буд.

Соли 2018 дар Бозиҳои тобистонаи Осиё самбочӣ Умед Ҳасанбеков ба истеъмоли допинг гунаҳкор дониста шуд. Тибқи маълумоти Федератсияи байнулмилалии самбо, гуштингири тоҷик маводи станозололи аз ҷониби WADA манъшударо истеъмол мекардааст.

Худи варзишгар изҳор мекард, ки доруро барои табоюати ҷароҳати пояш истеъмол мекунад. Лекин огаҳӣ надоштан аз қоидаҳои ниҳоди зиддидопингӣ варзишгарро аз масъулият озод намекунад. Бо қарори FIAS ӯ аз медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Индонезия маҳрум карда шуд.

Моҳи марти соли 2018 дар мусобиқаҳои Фаҷр дар Эрон вазнбардорон Асомуддин Сангов ва Сунатулло Ойев ба истеъмоли маводи метилгексанамин айбдор шуда, ҳар кадоме 5 ҳазор доллар ҷарима ва ба муҳлати 2 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуданд.

Моҳи декабри соли 2015 Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW)  барои истифодаи маводи манъшудаи диметилбутиламин, иштироки узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини озод Зелимхон Юсуповро дар мусобиқаҳо ба муҳлати 4 сол манъ кард.

Соли 2014 допинг-тести ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Хуршед Бекназаров дар Бозиҳои 17-уми Осиё дар Инчхони Кореяи Ҷанубӣ натиҷаи мусбат дода, ӯ ба муҳлати 2 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.