Додгоҳи Маскав Иззат Амонро ба “фаъолияти ғайриқонунӣ” гунаҳкор кард. Ӯ шояд ихроҷ шавад

Asia-Plus

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки рӯзи 25-уми март аз сӯйи маъмурони пулис дар Маскав боздошт шуда буд, ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" муттаҳам шудааст. Бино ба иттилои Радиои "Озодӣ", дар ин маврид  қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав 4-уми марти имсол қабул шуда, 16-уми март ба иҷро даромадааст.

Гуфта мешавад, ба Иззат Амон хатари ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Ҳоло тибқи иттилои расонаҳо, дар куҷо қарор доштани Иззат Амон маълум нест, аммо ӯ дар як наворе, ки гуфта мешавад аз қабл сабт кардааст, иддао кардааст, ки ӯро "бо фармоиши мақомоти Тоҷикистон" ба кишвар равон мекунанд. 

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи панҷшанбе ба "Озодӣ" гуфтаанд, дар бораи боздошти Иззат Амон чизе намедонанд.

Бино ба навиштаи "Озодӣ", масъулони Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав хабар доданд, ки Холов Иззат Амонович (Иззат Амон)-ро бар асоси қисми дуи моддаи 18.10-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия муҳокима карданд. Ин модда марбут ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд аст, ки дар Русия бе иҷозаи кор ё патент фаъолият мекунанд ва аз 5 то 7 ҳазор рубл ҷарима ва ихроҷ аз ҳудуди Русияро дар назар дорад.

Иззат Амон дар як наворе, ки ба назар мерасад пештар таҳия шудаасту 25-уми март дар шабакаи Ютуб гузоштанд, гуфтааст, аз соли 1996 шаҳрвандии Русияро дорад, вале чанд рӯз пеш шиносномаи ӯро бекор карданд.

Ӯ дар ин навор ба Владимир Путин гуфтааст, "вақте ин наворро мебинед, маънои онро дорад, ки аллакай дар ҳудуди Русия нестам. Маро ба Тоҷикистон мебаранд, то барои танқидҳоям аз кори мақомот зиндонӣ кунанд. Аз Шумо мехоҳам, ёрӣ кунед, то маро ба ҳудуди Русия баргардонанд ва шаҳрвандиямро барқарор кунанд".

Дар ин навор Иззат Амон ҳамчунин баъзе маъмурони ниҳодҳои вижаи Русия ва ҷониби Тоҷикистонро дар қазияи худаш гунаҳкор карда, аз вуҷуди муомила ва "пули калон" суҳбат мекунад. 

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ва қазияи боздошти Иззат Амон вокунише накардаанд.

Иззат Амон, ки замоне дар Русия Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистонро таъсис дода буд, соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1997 риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Хатмкардаи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи хидмати давлатии назди дастгоҳи иҷроияи президенти Русия аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...