Президент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати наздикону пайвандонаш рафт

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонаш рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллатро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургаш суҳбати […]

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонаш рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллатро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургаш суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуд.

Ёдрас мекунем, ки президент бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошта, бо иштироки ӯ дар ин минтақа иншооти нав ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар боздид кард.

Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Айни замон дар боғ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Сипас президент дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин дар паҳлуи маркази саломатӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти хизматрасонии “Ваҳдат” ҳусни оғоз бахшид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.