Мансурҷон Умаров дар бораи ҷарроҳӣ шудани раиси собиқи “Умед-88”

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев муассис ва роҳбари пешини ширкати "Умед-88" "баъди ҷарроҳӣ хуб аст ва зери назорати табибон қарор дорад".

Вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев, ки ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд, ду ҳафта пеш бад шуда ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» интиқол дода шуда буд. 

Ба иттилои манбаъ, бемории Одинаев якбора хуруҷ карда, ӯ ба беморхона интиқол ва ҷарроҳӣ шуд. 

«Одинаев саломатияш бад мегардад ва ба беморхона интиқол гардид. Ӯ аз дарди меъда азият кашид ва баъди ташхис маълум гардид, ки ӯ ба ҷарроҳӣ ниёз дорад". 

Умаров мегӯяд, ки онҳо намегузоранд ҳуқуқи маҳбусон ба табобат поймол гардад ва дар ҳама ҳолат аз ҳуқуқи онҳо дифоъ хоҳанд кард. Ба назари ӯ, ҳар маҳбусе, ки бемор мегардаду баъди ташхис ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ дошта бошад, ҳатман ба беморхона интиқол дода мешавад ва ба табобат фаро гирифта мешавад. Сардори муассисаҳои ислоҳӣ мегӯяд, ки интиқоли маҳбусон барои табобат берун аз муассисаи ислоҳӣ кам набуда, тақрибан моҳе се чор нафар берун аз муассисаи ислоҳӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд. 

«Маҳбусон низ инсон ҳастанд ва онҳо алакай ҷазои худро гирифта истодаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо ҷиноят кардаанд ва ба табобат ё дигар чизҳо фаро гирифта нашванд. Баръакс барои онҳо чунин имкониатҳо дода мешавад ва ҳеҷ мушкилие барои ин пеш намеояд. Мо чандин маҳбусро аз муассисаҳои ислоҳӣ барои табобат ба беморхонаҳо интиқол додаем, ҳарчанд ҷинояти вазнин ҳам карда бошанд». 

Бояд гуфт, ки 17 сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон раҳбари ширкати «Умед-88»-ро барои 24 сол равонаи зиндон кард. 

Раҷабалӣ Одинаев 14 октябри соли 2017 боздошт шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, наздик ба 4 сол аст, ки онро ба давлат баргардонида наметавонад.
Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...