“Передачка” ба маҳбусон мушкил шуд: минбаъд танҳо наздикон ҳаққи инро доранду халос

Дар Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ё зиндонҳо талаботи бурдани дастовез ё ба таъбири маъмул "передачка" ба маҳбусон сахтар шуд.  Аз ин ба баъд танҳо аъзои хонаводаи маҳбус ҳақ доранд, ки дастовез бибаранд.  Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба «Азия-Плюс» гуфт, ки тақрибан як моҳ мешавад, ки ин талабот дар муассисаҳо дубора пурзӯр карда шудааст. Ӯ […]

Дар Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ё зиндонҳо талаботи бурдани дастовез ё ба таъбири маъмул "передачка" ба маҳбусон сахтар шуд.  Аз ин ба баъд танҳо аъзои хонаводаи маҳбус ҳақ доранд, ки дастовез бибаранд.  Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба «Азия-Плюс» гуфт, ки тақрибан як моҳ мешавад, ки ин талабот дар муассисаҳо дубора пурзӯр карда шудааст.

Ӯ гуфт, ҳарчанд ин талабот вуҷуд дошт, аммо барои бархе наздикони маҳбусон, ки дар ноҳияҳои дурдасти кишвар зиндагӣ мекарданд, иҷозат дода шуда буд, ки ба воситаи шахсони дигар дастовез бифристанд, вале ҳоло дигар манъ карда шуд. Танҳо аъзои хонаводаи маҳбус бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда ин савғо ё дастовезро метавонанд ба масъулони зиндон супоранд.

«Асосан тартиб бояд ҳамин гуна бошад, чун талаботи қонун аст. Хешу табори наздики маҳбус, аз ин пас бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият савғоро месупоранд. Ва ин талабот тақрибан як моҳ мешавад, ки пурзӯр гардид».

Сабаби асосии шадидатар ҷорӣ гардидани ин талаботи қонунро Умаров дар пайдо шудани маводи мухаддир ва дигар ашёе, ки ворид кардани онҳо ба маҳбас манъ аст, дар дохили дастовезҳое, ки аъзоёни оила бо ронандагони таксӣ ё дигар шиносҳо равон мекунанд, марбут медонад.

Ӯ мегӯяд, «дар сурати пайдо гардидани ашёҳое, ки ворид кардани онҳоро қонун манъ кардааст, нафароне, ки ин талошро мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад».

Номбурда илова кард, ки «хешу табори маҳбусон аз ноҳияҳои дурдаст ба воситаи таксиҳо ва шахсони бегона дастовез/хӯрока ба маҳбусон равон мекунанд, ки дар дохилашон баъзан маводи мухадир ва дигар чизҳои мамнуъро пайдо карда истодаем. Пурзӯр кардани риояи талаботи мазкур имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин гирифта шавад. Ба ин хотир дастур дода шуд, ки бо риояи талаботи қонун хешу табори маҳбус ба онҳо маҳсулоти хӯрокӣ ё дигар маводи лозим биёранд».

Сардори зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунин нигаронӣ намуд, ки ин имкон низ аст, ки ба хотири қасдгирӣ хӯроки заҳролудшуда вориди маҳбас гардад, ҳарчанд намояндагони маҳбас дохили онро санҷанд вале, имкони сифати онро санҷидан надоранд. 

Шадидатар шудани низоми расонидани хӯрок ва ё лавозими дигар ба маҳбусон дар ҳолест, ки модарри як маҳбус аз шаҳри Хоруғ ба "Азия-Плюс" гуфт ин талабот масъалаи расонидани савғотӣ ба писарашро мушкил кард. Ин модар, ки фарзандаш дар яке аз зиндонҳои пойтахт маҳбасӣ аст гуфт, ки онҳо ҳатто дар як моҳ як бор наметавонанд ба фарзандашон хӯроку лавозими дигар бибаранд.

"Имкониати молӣ надорем. Чун роҳкиро танҳо аз Хоруғ ба душанбе 300 сомонӣ аст. Рафту баргашт 600 сомонӣ мешавад. Ба ҷуз ин сафар хароҷоти дигар низ дорад. Мо пештар ё пул ё савғотиро ба хешовандонамон ба Душанбе мефиристодем, онҳо чизи лозимро харида бурда месупориданд",-мегӯяд ин модар.

Аммо Мансурҷон Умаров мегӯяд, ки аз ин пас дигар хешовандон (писари амак ё духари хола) танҳо дар сурате метавонанд ба маҳбус дастовез бибаранд, ки худи маҳбус  дар ин бора ба муассиса ариза пешниҳод намояд ё ному насаби хеши ӯ дар парвандаи маҳбус номнавис шуда бошад.

«Маҳбус ному насаби хешу табори наздикашро дар парванда сабт мекунад, агар ному насаб дар парванда бошад, онҳо ин ҳуқуқро пайдо мекунанд. Дар вақти қабули ғизо ҳатман парвандаи маҳбус дида мешавад, ки оё дар ҳақиқат ҳамин одам дар парванда дарҷ гардидааст ё на. Агар наздиконашон дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ кунанд, маҳбус ариза менависад, ки аъзои оила дар ҷойи дур зинагӣ мекунанд ва ба духтари хола ё писари амакам иҷоазт диҳед бароям хӯрока ё дигар лавозимоти зарурӣ биёрад . Дар ин ҳолат маъмурияти маҳбас ин аризаро дида мебароянд ва иҷозат дода мешавад»,-мегӯяд Умаров. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.