Дар Тоҷикистон шумори кӯдакони гирифтори ВНМО меафзояд

Дар Тоҷикистон ба мисли ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ афзоиши ҳолатҳои гирифорӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) идома дорад, гуфта мешавад дар Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. Дар Барнома зикр […]

Дар Тоҷикистон ба мисли ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ афзоиши ҳолатҳои гирифорӣ ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) идома дорад, гуфта мешавад дар Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) ва Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025.

Дар Барнома зикр мешавад, ки вазъияти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон шиддатнок боқӣ мемонад.

Муаллифони санад тамоили афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ВНМО-ро, ки тариқи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, таъкид месозанд.

Тибқи маълумоти дар Барнома овардашуда, дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 11986 ҳолатҳои гирифторӣ ба ВНМО, аз ҷумла 7698 ҳолат (64,1%) миёни мардон ва 4288 ҳолат (35,8%) байни занон ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин шумор 3230 нафар фавтида, теъдоди шахсони бо ин вирус зиндагидошта 8756 касро ташкил медиҳад.

Ҳолатҳои нави сироят аксаран дар шахсони синни 18-сола ва болотар аз он ошкор шуда, ба шахсони синни 15-17-сола 1,4% ҳолатҳои нав рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, таҳиягарони Барнома аз афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба ВНМО байни кӯдакони синни то 14-сола (14% аз ҳамаи ҳолатҳои нави сироят) изҳори ниагронии ҷиддӣ мекунанд.

Шумори кӯдакони синни то 14-солаи бо ВНМО зиндагидошта 1022 нафар ё худ 11,7% аз теъдоди умумиро ташкил медиҳад.

Инчунин аз сатҳи хеле дери муроҷиати одамон барои гузаштан аз тести ВНМО изҳори нигаронӣ мешавад.

Миёни сироятёфтагон аз вирус 2466 нафар дар вилояти Хатлон, 1992 нафар – дар шаҳри Душанбе, 1963 кас – дар вилояти Суғд, 1955 нафар – дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва 381 нафар – дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд.

Барнома бо мақсади пурзӯр намудани раванди манъшавии эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон, паст намудани фавт аз БПНМ, расидан ба дастрасии баланди хизматрасонии пешгирикунанда, табобат ва нигоҳубин дар самти ВНМО барои ҳар як шахс, беҳтар намудани саломатӣ ва баланд бардоштани сифати солимии аҳолии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар нақшаи татбиқи Барнома ҳудуди 180 чорабиниҳои гуногун пешбинӣ шудааст, ки барои амалисозии онҳо дар муддати 5 сол равона гардидани наздики 487 млн сомонӣ (43 млн доллар) маблағ дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.