Ҳукумати Ҷопон лоиҳаи GGP-ро оид ба сохтмони маркази бонувон дар Балҷувон ба итмом расонид

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон» иштирок кард. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчубаи “Барномаи Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ” (GGP) амалӣ гардид. Барои сохтмони марказ дар ноҳияи Балҷувон ва таъмини он бо таҷҳизот ҳукумати Ҷопон 89,150 доллари ИМА […]

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони маркази бонувон дар ноҳияи Балҷувон» иштирок кард.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчубаи “Барномаи Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ” (GGP) амалӣ гардид. Барои сохтмони марказ дар ноҳияи Балҷувон ва таъмини он бо таҷҳизот ҳукумати Ҷопон 89,150 доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд.

Қабл аз татбиқи ин лоиҳа, дар ноҳия ягон маркази бонувон набуд ва занони маҳаллӣ имконияти таҳсил ва омӯхтани малакаи кофӣ барои ба даст овардани даромад надоштанд. Пас аз сохтани бинои маркази бонувон занони маҳаллӣ имконияти гирифтани омӯзишҳои касбӣ, хизматрасонии равонӣ ва машварати ҳуқуқӣ пайдо карданд.

Зимни суханронӣ дар маросим сафир Мияшита иброз дошт, ки “ҳукумати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ барои беҳтар кардани зиндагии мардуми Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ кард ва мо аз он фахр мекунем, ки аввалин маркази дастгирии занон дар минтақаи Балҷувон бомуваффақият сохта шуд ва имконияти ҷашни бошукӯҳи ифтитоҳи онро бо ҳамаи шумо дорем. Ин марказ машваратҳои ҳуқуқӣ ва инчунин омӯзишҳои касбӣ барои занон пешниҳод менамояд. Умедворем, ки ин марказ ҳадафи худро ба пуррагӣ иҷро намуда, дар рушди тамоми ноҳияи Балҷувон саҳм хоҳад гузошт.”

Дар баробари занони маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллии ноҳияи Балҷувон, инчунин Абдусалом Раҳимзода, ҷонишини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ва Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон ширкат варзиданд. Иштирокчиён дар навбати худ ба ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои дастгири изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Биноан, ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеъаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 421 лоиҳаро ба маблағи умумии $34,0 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.