Дар Тоҷикистон тӯйҳо бо ҳузури 100 кас иҷоза шуд

Asia-Plus

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 март дар бораи иҷозаи баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то 100 нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ қарор қабул кард.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ин қарор бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус рӯйи кор омадааст.

Гуфта мешавад, мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риоя намудани муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Ғайр аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тайи соли ахир ба тӯйи домодию арӯсӣ даъвати на зиёдтар аз 30-40 нафар меҳмонон иҷоза шуда буд.

Моҳи апрели соли гузашта маросими баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ муваққатан боздошта шуда, аввали тобистони соли 2020 Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи баргузории тӯйҳо бо ҳузури доираи маҳдуди одамон қарор қабул кард, яъне дар ин маросим метавонистанд танҳо аъзои оила ва пайвандони наздики хонавода иштирок кунанд ва бо шумори танҳо 30-40 нафар.

Қаблан “Азия-Плюс” дар маводи худ доир ба ин масъала зикр карда буд, ки дар Тоҷикистон тақрибан ҳама маҳдудиятҳои замони ҳамагирии коронавируси COVID 19 бекор шуд, ба ҷуз маҳдудият дар шумораи ширкаткунандагони тӯйи домодиву арӯсӣ. Баъзе моликони тарабхонаҳо ва созмондиҳандагони тӯйҳо чунин изҳори назар карда буданд, ки шояд Ситоди ҷумҳурявӣ ин тарафи масъаларо фаромӯш карда бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...