Хиёбони Масъуд дар Порис. Шаҳрдор: “Ӯ ҳамеша қаҳрамони озодӣ ва муборизи алайҳи торикӣ аст”

Дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис (Париж) хиёбоне ба ифтихори Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон бо неруҳои Шӯравӣ ва "Толибон" номгузорӣ шуд. Дар расми бозкушоии ин хиёбон Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаии миллии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ширкат кардаанд. Ин хиёбон […]

Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис (Париж) хиёбоне ба ифтихори Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон бо неруҳои Шӯравӣ ва "Толибон" номгузорӣ шуд.

Дар расми бозкушоии ин хиёбон Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаии миллии Афғонистон ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ширкат кардаанд.

Ин хиёбон дар наздикии хиёбони марказии Порис ё Шанз Элиза (Елисейские Поля) мавқеият дорад.

Анна Идалгӯ, шаҳрдори Порис дар саҳфаи Твиттераш бо гузоштани чанд аксе аз ин маросим навиштааст: "Аз фармондеҳ Масъуд, Қаҳрамони муқовимати Афғонистон барои ҳамеша ба унвони қаҳрамони озодӣ ва муборизи алайҳи торикӣ ёд хоҳад шуд". 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.