Тими 18-нафарии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё: аз паҳлавонон то мураббиён

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё бо тими 18-нафарӣ иштирок мекунад. Дар ин бора Нурулло Лоиқов, президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Ба гуфтаи Нурулло Лоиқов ба ин тим 11 варзишгар ва боқӣ мураббиёну дастандаркорони дигар шомил хоҳанд буд. 

Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад.

Аз Тоҷикистон дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг),  Темур Раҳимов ва хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100  ширкат мекунанд.

Дастаи бонувони Тоҷикистон иборат аз  Аҳлия Муминова,  Фазилат Гулбоева  дар вазни (-52 кг) ва Шукрона Қарчиева, дар вазни (-48 кг) аст. 

Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.

Аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор қаҳрамони Осиё шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...