Тими 18-нафарии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё: аз паҳлавонон то мураббиён

Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё бо тими 18-нафарӣ иштирок мекунад. Дар ин бора Нурулло Лоиқов, президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.  Ба гуфтаи Нурулло Лоиқов ба ин тим 11 варзишгар ва боқӣ мураббиёну дастандаркорони дигар шомил хоҳанд буд.  Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад. Аз Тоҷикистон […]

Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё бо тими 18-нафарӣ иштирок мекунад. Дар ин бора Нурулло Лоиқов, президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Ба гуфтаи Нурулло Лоиқов ба ин тим 11 варзишгар ва боқӣ мураббиёну дастандаркорони дигар шомил хоҳанд буд. 

Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад.

Аз Тоҷикистон дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг),  Темур Раҳимов ва хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100  ширкат мекунанд.

Дастаи бонувони Тоҷикистон иборат аз  Аҳлия Муминова,  Фазилат Гулбоева  дар вазни (-52 кг) ва Шукрона Қарчиева, дар вазни (-48 кг) аст. 

Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.

Аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор қаҳрамони Осиё шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...