Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Иттилоияи расмӣ

Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор С. Ҷайшанкар рӯзҳои 30-31 марти соли 2021 ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни сафар Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтои худ масъалаҳоеро, ки тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳро дар бар мегиранд, муҳикома хоҳад кард.

Вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки вай бо дигар вазирон ва шахсони олимақомиТоҷикистон низ мулоқот кунад.

Вазири корҳои хориҷӣ қаблан моҳи июни соли 2019 барои иштирок дар 5-умин Саммити Конфронси оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё ба Душанбе ташриф оварда буд. Ин сафар идомаи мубодилаи мунтазами сатҳи баланд байни ду кишвар мебошад, ки шарикии наздики стратегии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷӣ бо даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон, рӯзи 30 марти соли 2021 дар Душанбе дар 9-умин Конфронси вазирони қалби Осиё – Раванди Истанбул (HoA-IP) оид ба масъалаҳои Афғонистон ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай дар ҳошияи нишаст бо намояндагони сатҳи баланди кишварҳои дигари ширкаткунанда низ мулоқот кунад.

Ҳиндустон ҳамчун як кишвари пешрафта дар соҳаи савдо, тиҷорат ва таҳкими эътимоди сармоягузорӣ дар доираи HoA-IP, барои мустаҳкам намудани робитаҳои минтақавӣ барои ҳамгироии бештари иқтисодии Афғонистон бо минтақа, саъйи муштарак кардааст. Долони махсус барои интиқоли борҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ва ба истифода додани бандари Чабаҳори Эрон, яке аз чораҳои дар ин самт андешидашуда ба ҳисоб мераванд.

Ҳиндустон, ҳамчун як ҷонибдори муҳими сулҳ, шукуфоӣ ва субот дар Афғонистон, дар равандҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон нақши созанда дорад. Дар ин самт, Ҳиндустон ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ ва байналмилалиро дар Афғонистон фаъол гардонидааст. Ин сафар робитаи моро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба Афғонистон боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.