Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор С. Ҷайшанкар рӯзҳои 30-31 марти соли 2021 ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом медиҳад. Дар ҷараёни сафар Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтои худ масъалаҳоеро, ки тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳро дар бар мегиранд, муҳикома […]

Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор С. Ҷайшанкар рӯзҳои 30-31 марти соли 2021 ба Тоҷикистон ташрифи расмӣ анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни сафар Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамтои худ масъалаҳоеро, ки тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба ва инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳро дар бар мегиранд, муҳикома хоҳад кард.

Вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Интизор меравад, ки вай бо дигар вазирон ва шахсони олимақомиТоҷикистон низ мулоқот кунад.

Вазири корҳои хориҷӣ қаблан моҳи июни соли 2019 барои иштирок дар 5-умин Саммити Конфронси оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё ба Душанбе ташриф оварда буд. Ин сафар идомаи мубодилаи мунтазами сатҳи баланд байни ду кишвар мебошад, ки шарикии наздики стратегии Ҳиндустон ва Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷӣ бо даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон, рӯзи 30 марти соли 2021 дар Душанбе дар 9-умин Конфронси вазирони қалби Осиё – Раванди Истанбул (HoA-IP) оид ба масъалаҳои Афғонистон ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай дар ҳошияи нишаст бо намояндагони сатҳи баланди кишварҳои дигари ширкаткунанда низ мулоқот кунад.

Ҳиндустон ҳамчун як кишвари пешрафта дар соҳаи савдо, тиҷорат ва таҳкими эътимоди сармоягузорӣ дар доираи HoA-IP, барои мустаҳкам намудани робитаҳои минтақавӣ барои ҳамгироии бештари иқтисодии Афғонистон бо минтақа, саъйи муштарак кардааст. Долони махсус барои интиқоли борҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои Ҳиндустон ва Афғонистон ва ба истифода додани бандари Чабаҳори Эрон, яке аз чораҳои дар ин самт андешидашуда ба ҳисоб мераванд.

Ҳиндустон, ҳамчун як ҷонибдори муҳими сулҳ, шукуфоӣ ва субот дар Афғонистон, дар равандҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон нақши созанда дорад. Дар ин самт, Ҳиндустон ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ ва байналмилалиро дар Афғонистон фаъол гардонидааст. Ин сафар робитаи моро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба Афғонистон боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.