Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ширкаткунандагони конфронс зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард. Ёдрас мекунем, ки дар конфронси мазкур раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ширкаткунандагони конфронс зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки дар конфронси мазкур раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвар дар шакли ҳузури бевосита, 16 кишвари мададрасон ва 16 созмони минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар шакли маҷозӣ (онлайн) иштирок доранд.

Дар оғози суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам пайваста, мардуми шарифи ин кишвари бародар бо тоҷикистониён ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихиашон ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.

“Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем, – гуфт ӯ. –  Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

“Мо итминон дорем, ки ҳамоиши имрӯзаи Душанбе бо вазифагузориҳои нав дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ин кишвар қадамҳои тозаеро хоҳад гузошт”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ ва кумакҳоро ба Афғонистон боз ҳам мукаммал хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.