Даргузашти ногаҳонии ҳунарманди театри “Аҳорун” Аҳлиддин Шарипов

Аҳлиддин Шарипов, ҳунармани шинохтаи театри "Аҳорун" шаби 29-уми март бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Ин ҳунарманд ҳамагӣ 60 сол дошт ва аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд.  Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, дар масҷиди воқе дар маҳаллаи мавсум ба киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд.  Аз театри "Аҳорун" […]

Аҳлиддин Шарипов, ҳунармани шинохтаи театри "Аҳорун" шаби 29-уми март бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Ин ҳунарманд ҳамагӣ 60 сол дошт ва аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд. 

Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, дар масҷиди воқе дар маҳаллаи мавсум ба киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд. 

Аз театри "Аҳорун" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки  ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт. 

Сабоҳат Қосимова, мудири театри "Аҳорун" гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд. "Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист".

Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова ӯ аз рӯзҳои нахустини таъсиси театри "Аҳорун" то поёни умр бо ин театр буд.

Аҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд" "Хари Даҷҷол" ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...