Наҷоти духтари 15-сола аз худкушӣ дар Хуҷанд

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. “Корҳои наҷот вақти зиёд нагирифта, имдодгарон […]

Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

“Корҳои наҷот вақти зиёд нагирифта, имдодгарон фаврӣ худро ба об зада, духтарро зинда наҷот доданд, -омадааст дар хабари Кумита. – Наҷотдиҳандагон то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ба духтар кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Ба сабаби сардии оби дарё наҷотёфта ба ёрии амалии тиббӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, зарур омад ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол диҳанд”.

Гуфта мешавад, ҷузъиёти бештар дар бораи ин духтар маълум нест. Маълум ҳам нест, ки чӣ ва ё кӣ ӯро ба амали худкушӣ тела додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти дахлдор сабабҳои ин амали духтари 15-соларо меомӯзад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.