Президент ба Ворух меравад. Ӯро он ҷо хеле интизоранд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара боздид мекунад. Ин маълумотро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

“Дарвоқеъ, президент аз Ворух боздид мекунад, вале санаи дақиқи сафар ҳоло номаълум аст. Дар даҳаи аввали моҳи апрел сафари кории президент ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд пешбинӣ шудааст. Ӯ аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва Гулистону Исфара боздид мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаи “Азия-Плюс” дар дастгоҳи ҳукумати вилоят, сафари президент рӯзҳои 5-8 апрел дар назар аст.

“Дар ҷамоат корҳои ободонӣ ҷараён доранд. Зимни сафар ифтитоҳи зиёда аз 10 иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва вохӯрии сарвари давлат бо сокинон ва фаъолони ҷамоат ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт манбаъ.

Аз ҷумла майдони Парчами миллӣ, бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ, маҷмааи фароғатӣ ва варзишӣ, хати нави интиқоли оби нӯшокӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сокинони ҷамоат хабар доданд, ки чандин моҳи ахир ба сафари сарвари давлат омодагӣ мегиранд: кӯчаву роҳ ва намои биноҳо таъмиру обод мешаванд.

“Хеле умедворем, ки президент дар ин сафар бо мо – сокинон вохӯрда, ба ҳарфҳои мо гӯш медиҳад ва ин сафар ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла мушкилот дар сарҳад мусоидат мекунад. Аз изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон хеле ғамгин шудем ва сафари президент нишон медиҳад, ки ҳукумат ба тақдири Хоруғ бетараф нест”, – зикр кард сокини Ворух.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...