Роҳҳои ВМКБ кушодаву лекин хатари тармаву сангреза боқӣ мемонад

Asia-Plus

Роҳҳои ВМКБ, ки бар асари фаромадани тарма ва сангреза баста шуда буданд, имрӯз пурра тоза карда шуданд. Мошинҳо тариқи ин роҳ равуо дошта, лекин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода худдорӣ аз сафар ба қитъаҳои дорои хатари тармафароиро тавсия медиҳад.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа дар минтақаҳои мухталифи роҳҳои мошингарди  Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд. Ин тармаву сангрезиҳо талафоти ҷониву хисорати молӣ надоштанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки тайи чанд шабонарӯзи ахир боридани барфу борон идома дошта, дар роҳҳо тармаву ярч фаромадааст. Бар асари хафи такроран фаромадани тармаҳо кормандони идораи марбута саривақт роҳҳоро тоза карда натавонистаанд.

Пас аз қатъи борон ҳамаи техника барои тозакунии роҳ сафарбар шуда, имрӯз автомашинаҳо дар роҳ ба Хоруғ равуо доранд, зикр мегардад дар хабар.

Ҳукумати ноҳияи Шуғнон барои дастгирӣ дар таъминот бо сӯзишворӣ ва корҳои тозакунии роҳ ба раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, инчунин хадамоти манзилию коммуналӣ ва ширкати “Помир Энержи” изҳори миннатдорӣ кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу хатарноки кӯҳӣ,  ғунучини ҳезум, шикор, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо ва ё моҳидорӣ лаби соҳилҳое, ки эҳтимоли баланд шудани сатҳи обашон зиёд аст, худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон тавсия шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан ба қоидаҳои бехатарӣ ва ронандагӣ риоя кунанд. Бахусус боло бурдани суръати ҳаракат дар ағбаҳо ва риоя накардани фосилаи байни мошинҳо хатари зиёд дорад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз ва пагоҳ, 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест..

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...