Аз CASA-1000 то ройзаниҳои сиёсӣ: дидори Муҳриддин бо вазирони хориҷаи Ҳинду Покистон

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустону Покистон ҳамкориҳои Тоҷикистонро баррасӣ карда, бар сари тарҳи CASA-1000 ва ройзаниҳои сиёсӣ табодули назар кардаанд.  Дар дидор бо Субрахманиям Ҷайшанкар вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо рағбати худро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.  […]

Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустону Покистон ҳамкориҳои Тоҷикистонро баррасӣ карда, бар сари тарҳи CASA-1000 ва ройзаниҳои сиёсӣ табодули назар кардаанд. 

Дар дидор бо Субрахманиям Ҷайшанкар вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷонибҳо рағбати худро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд. 

"Дар вохӯрӣ роҷеъ ба татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон таваҷҷуҳ зоҳир гардид",-хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ бар аҳаммияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, фарҳангу гардишгарӣ, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, аз ҷумла идомаи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 таъкид кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳар ду мулоқот ҷонибҳо "таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.