Паҳлавонони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ ба Қазоқистон мераванд

Даҳ намояндаи Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ иштирок мекунанд, ки аз 9 то 11 апрел дар Қазоқистон доир мегардад. Дар ин мусобиқа охирин роҳхатҳо аз қитъаи Осиё ба Бозиҳои Олимпиадаи Токио бурд мешаванд. Ёдрас мекунем, ки аксарияти варзишгарони маъруфу пурқуввати Осиё, бахусус аз Эрон, Қазоқистон, Корея, Чин […]

Даҳ намояндаи Тоҷикистон дар Мусобиқаи интихобии Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ иштирок мекунанд, ки аз 9 то 11 апрел дар Қазоқистон доир мегардад.

Дар ин мусобиқа охирин роҳхатҳо аз қитъаи Осиё ба Бозиҳои Олимпиадаи Токио бурд мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аксарияти варзишгарони маъруфу пурқуввати Осиё, бахусус аз Эрон, Қазоқистон, Корея, Чин ва Ҳиндустон дар мусобиқаҳои пешин роҳхатҳои Олимпиадаро соҳиб шуданд.

Аз кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон 8 роҳхат ба Олимпиада, Ӯзбекистон – 3 ва Қирғизистон – 2 роҳхат гирифтаанд.

Ҳузур надоштани гӯштингирони пурқуввати Осиё дар ин мусобиқаи интихобӣ барои намояндагони Тоҷикистон имкони хубест баҳри дарёфти роҳхатҳои олимпӣ ба Токио.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро гӯштингирони зерин намояндагӣ мекунанд:

Муҳаммад Икромов (57 кг),

Ҷамшед Шарифов (65 кг),

Ғуломҷон Шарифов (74 кг),

Баҳодур Қодиров (86 кг),

Искандари Рустам (125 кг) дар гӯштини тарзи озод,

Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг),

Шероз Очилов (67 кг),

Ҳабиб Зуҳуров (77 кг),

Суҳроб Абдулхаев (87 кг),

Мирзоамин Сафаров (97 кг) дар «классика».

Миёни намояндагони Тоҷикистон Искандари Рустам аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор буда, ҳам дар гӯштини юнониву румӣ ва ҳам дар гӯштини тарзи озод чандин маротиба ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон ноил гардидааст ва иштирокчии Бозиҳои XXX  соли 2012 дар Лондон мебошад.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми мусобиқаҳои интихобӣ Алмато Чемпионати Осиё оид ба навҳои гӯштинро қабул мекунад, ки ҳамин варзишгарон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.