“Тоҷик Эйр” ва “Созидание” барои хизматрасонии махсус бо асъор иҷозатнома гирифтанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание” барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома гирифтанд.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, иҷозатнома ба онҳо аз 26 март ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание”-ро дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабт намояд.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда шуда, намудҳои зеринро дар бар мегирад:

– мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);

– хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;

– нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор;

– миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз солҳои 20-уми асри гузашта ба фаъолият оғоз намуда, яке аз воҳидҳои корхонаи маъруфи “Аэрофлот”-и Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) маҳсуб меёфт. Тайи солҳои ахир ширкат дар вазъи душвори молиявӣ қарор дорад.

ҶДММ “Созидание” молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва маркази тиҷоратии боҳашамати “Созидание” дар пойтахт мебошад.

Иншооти мазкур дар пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати муттаҳидаи «Русский алюминий» («Русал») сохта шудааст.

Лекин аз рӯйи натиҷаҳои баҳсҳои молиявии судии чандинсола байни “Русал” ва “Ширкати алюминии тоҷик” соли 2017 ин иншоот ба ихтиёри ширкати истеҳсолкунанаи алюминии Тоҷикистон гузашт. Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...