Дар Суғд алайҳи як шаҳрванди Қирғизистон парвандаи ҷиноии “ғиёбӣ” боз шуд

Date:

Раёсати гумруки вилояти Суғд нисбат ба як шаҳрванди Қирғизистон ва шарики тоҷикистонии ӯ барои қочоқи ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин шаҳрванди Қирғизистон, ки аз ӯ "Алӣ" ном бурда мешавад, ба қочоқи миқдори зиёди телефон ба дохили Тоҷикистон муттаҳам мешава ва парванди нисбати ӯ дар ғайбаш боз шудааст. 

Ба иттилои Раёсати гумруки Суғд ин миқдор телефонҳои тамғаҳои гуногун бидуни расмиёти гумрукӣ аз Русия тариқи марзи Қазоқистону Қирғизистон вориди Тоҷикистон шудааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки Дилшод Ҳалимов гуфта мешавад, ба гуфтаи мақомот 27-уми март ҳангоми интиқол додани телефонҳои қочоқии марбут ба ӯ дар ҳудуди ноҳияи Спитамен дарёфт шудааст. Гуфта мешавад, 950 адад телефонҳои ҳамроҳ, ки арзиши умумияшон 290 ҳазор сомонӣ будааст аз мошини мошини “Мерседес-Бенс412 D” мутааллиқ ба  Музаффар Иброгимов дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе дарёфт мешаванд. 

Ин моли қочоқӣ бо маслиҳати пешакии Дилшод Ҳалимов шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав интиқол шуда, баъдан онро шаҳрванди Қирғизистон бо ном “Алӣ” аз шаҳри Алматои Қазоқистон то ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд расонидааст, мегӯянд дар Раёсати гумруки Суғд.

Собир Назиров сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт Ҳалимов тариқи шабакаи “Ватсап” бо “Алӣ” ном шаҳрванди Қирғизистон, ки феълан дар ғайбаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааем, шинос шудааст ва бо маслиҳат кор кардаанд. Вай гуфт ин бори қочоқӣ бидуни расмиёти гумрукӣ аввалҳои соли равон аз Маскав интиқол шуда дар шаҳри Алматои Қазоқистон буд.

“Бо маслиҳати пешакӣ 26-уми март “Алӣ” ном шаҳрванди Қирғизистон тариқи шабакаи интернетии “Вотсап” ҳамроҳи Дилшод Ҳалимов маслиҳат кардааст, ки борҳоро дар наздикии КВД “Фулузоти нодир”-и шаҳри Бӯстон қабул намояд. Худи ҳамон рӯз борҳоро шахси ба тафтишот номаълум дар ҳудуди ин шаҳр ба автомашинаи фармоишдодаи Ҳалимов тамғаи “Мерседес-Бенс 412 D” оварда бор кардааст. Ва ҳангоми ба роҳ баромадан аз ҷониби кормандони гумрук зимни аз назаргузаронӣ боздошт шуд”. 

Бино ба иттилои манбаъ бори қочоқӣ асосан телефонҳои тамғаҳои Redmi, SENSEIT, Samsung, Nokia ва чанд навъи гӯшмонаку мониторҳо мебошад. Ва ин бор аз чапраҳаҳои деҳаи Арқаи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба таври қочоқ ба Суғд ворид шудааст. 

Раёсати гумрук нисбати Дилшод Ҳалимов ва “Алӣ” ном қирғиз бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда,кори тафтишотиро додситонии Суғд пеш мебарад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...