Дар Тоҷикистон ба беморхонаҳои хусусӣ задани воксини COVID-19-ро иҷоза надоданд

Date:

Дар Тоҷикистон ба бемористонҳои хусусӣ гузаронидани воксин алайҳи коронавируси COVID-19 бинобар надоштани иҷозатнома мумкин нест, гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи вай, раванди эмгузаронӣ алайҳи коронавируси COVID-19 дар беморхонаҳои хусусии Тоҷикистон ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст, «зеро дар литсензияҳои клиникаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон айни замон чунин фаъолиятҳо пешбинӣ нашудаанд, аз ин рӯ, муассисаҳои тиббии хусусӣ ҳанӯз ҳуқуқ надоранд эм зидди бемории коронавирус гузаронанд. Ва имкон аст, вақте онро ба дасти клиникахои шахсӣ медиҳанд, хизматрасонӣ пулакӣ шавад».

Ҷаъфаров афзуд, ки то ҳол дар беморхонаҳои хусусии Тоҷикистон ваксина алайҳи коронавирус мавҷуд нест ва  Вазорати тандурустӣ истифодаи ваксина дар клиникаҳои хусусиро тасдиқ ва иҷозат надодааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин як ваксинаи муштаракан коркардшудаи шведиву бритониёӣ Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад ва дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) таҳти унвони CoviShild сабти ном шудааст.

Ҷараёни иммунизатсия (ваксиназанӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид. Дар ин мавриди қарори дахлдори президенти Тоҷикистон низ ба тасвиб расид, ки мутобиқи он иммунизатсияи шаҳрвандони кишвар марҳила ба марҳила байни гурӯҳи осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад.

Тоҷикистон то ба ҳол бо як навъи ваксина AstraZeneca таъмин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваксинаи “Спутник”-и Русия ва «CoronaVac»-и Чинро сабти ном кунанд. Ва интихоби ваксинаҳо бо хоҳиши шаҳрвандон сурат гирфта ва гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...