Даргузашти ҳунарпешаи маъруф Асалбегим Саодатова

Date:

Асалбегим Саодатова, ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон ва яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ даргузашт. Асалбегим Саодатова хатмкардаи Донишкадаи ҳунари театрии Луначарскийи Маскав буд.

Маросими видоъ бо ҳунарпеши хушном имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. 

Ӯ дар солҳои Шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи "Оила" гуфтааст: "Кӯдакони кӯчаи худамон баробари дидани ман “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад”-гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад… "

Ӯ дар ин мусоҳиба афзудааст, агар фурсату имкон даст бидиҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, чун “Афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно… ва дар рӯҳияи одамгарӣ тарбия мекунад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...