Даргузашти ҳунарпешаи маъруф Асалбегим Саодатова

Асалбегим Саодатова, ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон ва яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ даргузашт. Асалбегим Саодатова хатмкардаи Донишкадаи ҳунари театрии Луначарскийи Маскав буд. Маросими видоъ бо ҳунарпеши хушном имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.  Ӯ дар солҳои Шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар […]

Asia-Plus

Асалбегим Саодатова, ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон ва яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ даргузашт. Асалбегим Саодатова хатмкардаи Донишкадаи ҳунари театрии Луначарскийи Маскав буд.

Маросими видоъ бо ҳунарпеши хушном имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. 

Ӯ дар солҳои Шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи "Оила" гуфтааст: "Кӯдакони кӯчаи худамон баробари дидани ман “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад”-гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад… "

Ӯ дар ин мусоҳиба афзудааст, агар фурсату имкон даст бидиҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, чун “Афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно… ва дар рӯҳияи одамгарӣ тарбия мекунад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.