Мушкили парвозҳо рафъ шуд. “Сомон Эйр” парвози муқаррарии худро анҷом дод

Ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Дар нахустин парвози мустақим ин ширкат, 4-уми апрел 180 мусофирро ба Маскав бурдааст, гуфт ба "Азия-Плюс" директори Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Иттилоъ дар мавриди парвози нахустинро ба "Азия-Плюс" ҳамчунин дар худи ин ширкат таъйид карданд. "Аз […]

Ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Дар нахустин парвози мустақим ин ширкат, 4-уми апрел 180 мусофирро ба Маскав бурдааст, гуфт ба "Азия-Плюс" директори Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Иттилоъ дар мавриди парвози нахустинро ба "Азия-Плюс" ҳамчунин дар худи ин ширкат таъйид карданд. "Аз Душанбе ба Маскав 184 мусофир парвоз кард. Парвози наздиктарин ширкат дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанберо ширкат рӯзи 6-уми апрел анҷом хоҳад".

Арзиши билет дар масири Душанбе-Маскав 349 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро мешавад аз хазинаҳои Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ дарёфт кард",- гуфтанд дар ширкат. 

Дар Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии  ҳамчунин гуфтанд, ки дар мавриди гаронтар фурӯхтани билетҳо ба онҳо муроҷиат шудааст ва ин ниҳод фардо дар як ҷаласаи фаврӣ ин мавзуъро баррасӣ мекунад. 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ҳукумати Русия ба дастурҳои қаблии худ тағйирот ворид кардааст ва дар мавриди парвозҳои мустақим дар ҳоли ҳозир дигар мушкилоте вуҷуд надорад. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун дигар буни доштани асос барои парвоз ба Русия метавонанд тавассути парвозҳои муқаррарӣ ба Русия бираванд. 

Парвози нахустин муқаррарӣ, ки ширкати русии "ЮтЭйр" рӯзи 3-юми апрел ба Душанбе анҷом дод дар баргашт ҷанҷолӣ шуд. Ин ширкат аз Душанбе ба Маскав мусофиронро набурд, танҳое онҳоеро бурд, ки ё шаҳрвандии Русияро доштанд ё барои сафар ба Русия  асос доштанд.  

Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли гузашта бар асари ҳамагирии коронавирус қатъ шуда буданд. Дар муддат танҳо парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони ду кишвар сурат мегирифт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.