Мушкили парвозҳо рафъ шуд. “Сомон Эйр” парвози муқаррарии худро анҷом дод

Мӯсои Бобоҳоҷӣ

Ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақими миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Дар нахустин парвози мустақим ин ширкат, 4-уми апрел 180 мусофирро ба Маскав бурдааст, гуфт ба "Азия-Плюс" директори Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Иттилоъ дар мавриди парвози нахустинро ба "Азия-Плюс" ҳамчунин дар худи ин ширкат таъйид карданд. "Аз Душанбе ба Маскав 184 мусофир парвоз кард. Парвози наздиктарин ширкат дар хатсайри Душанбе-Маскав-Душанберо ширкат рӯзи 6-уми апрел анҷом хоҳад".

Арзиши билет дар масири Душанбе-Маскав 349 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Билетҳоро мешавад аз хазинаҳои Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ дарёфт кард",- гуфтанд дар ширкат. 

Дар Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии  ҳамчунин гуфтанд, ки дар мавриди гаронтар фурӯхтани билетҳо ба онҳо муроҷиат шудааст ва ин ниҳод фардо дар як ҷаласаи фаврӣ ин мавзуъро баррасӣ мекунад. 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ҳукумати Русия ба дастурҳои қаблии худ тағйирот ворид кардааст ва дар мавриди парвозҳои мустақим дар ҳоли ҳозир дигар мушкилоте вуҷуд надорад. 

Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун дигар буни доштани асос барои парвоз ба Русия метавонанд тавассути парвозҳои муқаррарӣ ба Русия бираванд. 

Парвози нахустин муқаррарӣ, ки ширкати русии "ЮтЭйр" рӯзи 3-юми апрел ба Душанбе анҷом дод дар баргашт ҷанҷолӣ шуд. Ин ширкат аз Душанбе ба Маскав мусофиронро набурд, танҳое онҳоеро бурд, ки ё шаҳрвандии Русияро доштанд ё барои сафар ба Русия  асос доштанд.  

Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли гузашта бар асари ҳамагирии коронавирус қатъ шуда буданд. Дар муддат танҳо парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони ду кишвар сурат мегирифт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.