Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бештар “гирифтори бунбаст” дар ҷаҳон дониста шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз камтарин иқтисоди “пайваста” дар ҷаҳон мебошанд, гуфта мешавад дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ оид ба натиҷаҳои онлайн-брифинги “Пайвастагии нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ: чолишҳо ва имконот” (Транспортная связанность в Центральной Азии: вызовы и возможности).

“Ченак (индикатор)-и пайвастагӣ дар минтақа ба ҳисоби миёна камтар аз 60% тибқи нишондиҳандаи дастрасӣ ба нақлиёт нисбат ба ММД-и глобалиро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин аз рӯйи ҷадвали мазкур аст”, – гуфтаанд иштирокчиёни брифинг.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки арзиши воридоту содирот дар Осиёи Марказӣ баланд боқӣ монда, ба рақобатпазирии онҳо дар хориҷа таъсири манфӣ мерасонад ва арзиши маҳсулоти воридотиро барои истеъмолгарони маҳаллӣ баланд мекунад.

“Масалан, арзиши аслии расонидани контейнер ба Шанхай аз ҳама гуна кишвари минтақа беш аз 5 баробар зиёдтар нисбат ба расонидани он аз Лаҳистон (Полша) ё Туркия аст”, – зикр мешавад дар хабар.

Ба ақидаи иштирокчиёни брифинг, беҳбуди вазъи пайвастагии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тарзу усул ва рӯйи кор овардани тадбирҳои маҷмӯавӣ (комплексӣ)-ро тақозо мекунад.

“Беҳбуди зербинои нақлиётӣ ва логистика, кам кардани муҳлати тавааққуфи бор дар сарҳадҳо, коҳиши тарифҳои савдо ва гумрук, инчунин тарзи мувофиқашуда ба меъёрҳои мусоидат ба боркашонии нақлиётӣ ва савдо дар кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ба иқтисоди минтақа таъсири мусбат расонида метавонанд”, – тавсия дода мешавад ба кишварҳои минтақа.

Роҳбари барномаҳои рушди зербинои Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Антонио Нунес бар ин назар аст, ки кишварҳои минтақа то ҳол аз имконоти бузурги савдои дохилӣ ва хориҷӣ истифода накардаанд.

“Барои ин роҳандозии тарзу усули маҷмӯавӣ нисбат ба беҳбуди пайвастагии нақлиётӣ дар дохил ва байни кишварҳои минтақа зарур аст”, – иброз доштааст ӯ.

Ба ақидаи Нунес, беҳбуди пайвастагии нақлиётӣ ба афзоиши ММД-и кишварҳои минтақа тақрибан ба андозаи 15% мусоидат карда метавонад.

Ҳамчунин ба пайвастагии маҳдуди нақлиётӣ дар дохили давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ ишора рафтааст.

“Ба ин тариқ, дар аксари қисматҳои минтақа мавҷуд набудани зерсохтори зарури нақлиётӣ ва арзиши баланди хизматрасонии боркашонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин дастрасӣ ба хизматрасониҳо, фаъолияти иқтисодӣ, шуғли аҳолиро маҳдуд сохта, инчунин ба рушди сайёҳӣ монеъа эҷод месозад”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...