Шикояти роҳсозони Данғара ба вазир аз сарулибос ва пойафзоли махсуси корӣ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо кормандони МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод. Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, суҳбат зззамоне барпо шуд, ки кормандон дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо (лотокҳо) ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд. “Кормандон изҳор […]

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо кормандони МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, суҳбат зззамоне барпо шуд, ки кормандон дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо (лотокҳо) ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд.

“Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу  пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим аз масъулини вазорат талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда  минбаъд пойафзоли мавсимӣ  пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ  қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо дар сурати босифату ҷавобгӯ будан ба талабот интихоб ва харид гардад. Пойафзоли босифате бояд интихоб карда шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро ду фасли сол истифода баранд.

Зикр мегардад, ки вазир ба сохторҳои марбута супориш дод, ки либосҳои болопӯши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.