Сӯхтор дар бинои истиқоматии чорошёнаи шаҳри Душанбе

Дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 5/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (мавзеи бозори “Саховат”) тахминан соати 20-30 дақиқаи рӯзи 5 апрел сӯхтор ба амал омад. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, баробари расидани хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуданд. “Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидан […]

Дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 5/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (мавзеи бозори “Саховат”) тахминан соати 20-30 дақиқаи рӯзи 5 апрел сӯхтор ба амал омад.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, баробари расидани хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидан дар соати 20.42-дақиқа, муайян карда шуд, ки дар ду ҳуҷраи ошёнаи 1 ва 2-юми бинои истиқоматӣ сӯхтор ба амал омадааст”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, соҳибхона бо фарзандонашва дар умум 10-нафар шаҳрвандон аз коми оташ ба ҷойҳои бехавф бароварда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор масоҳати 35 метри мураббаъро фаро гирифта, бепаҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон, дар соати 21:29-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз сӯхтор шаҳрвандони бино ва фарзандони соҳибхона ягон осеб надидааанд.

Бино ба иттилои мутахассисони ХДО ВКД, сабаби сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқии телевизор дар дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.