Сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав во хӯрдаанд

Asia-Plus

Дар Маскав рӯзи 5 апрел вохӯрии сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва Гулнара–Клара Самат баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва роҳҳои мусоидатгар барои рушди муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҳамназарии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни диаспораҳои ду кишвар тавассути доир намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ, инчунин ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмарра иброз шуд, – омадааст дар хабар сафорат. – Дар зимн таваҷҷуҳи махсус ба механизмҳои ҷалби доираҳои илмию фарҳангӣ аз ҳисоби диаспораҳои тоҷикону қирғизи муқими Россия зоҳир гардид”.

Гуфта мешавад, ҳамчунин омодагии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду намояндагии дипломатӣ иброз шуда, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ наздикии мавқеи давлатҳоро роҷеъ ба чандин масъалаҳои муҳими байналмилалӣ қайд намуданд.

Зикр мегардад, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ бо изҳори боварӣ самаранокӣ ва ба нафъи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар будани суҳбатро таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...