Президенти Тоҷикистон имрӯз ба Суғд меравад

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Сарвари давлат то 10 апрел дар шимоли кишвар ба шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара (ҷамоати Ворух) ва Бобоҷон Ғафуров ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Зимни сафар президент бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, бо фаъолон ва аҳолӣ мулоқот мекунад, инчунин дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншшоти нав ширкат варзида, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.

Дар ҷараёни сафар ба минтақаи шимоли кишвар ба масъалаи омодагии вилояти Суғд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Мувофиқи нақшаҳои ҳукумати вилояти Суғд, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар минтақаи шимоли кишвар ба истифода додани зиёда аз 6,5 ҳазор иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки 300-тоаш корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...