Президенти Тоҷикистон имрӯз ба Суғд меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Сарвари давлат то 10 апрел дар шимоли кишвар ба шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара (ҷамоати Ворух) ва Бобоҷон Ғафуров ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Зимни сафар президент бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 апрел бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Сарвари давлат то 10 апрел дар шимоли кишвар ба шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара (ҷамоати Ворух) ва Бобоҷон Ғафуров ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Зимни сафар президент бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, бо фаъолон ва аҳолӣ мулоқот мекунад, инчунин дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншшоти нав ширкат варзида, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.

Дар ҷараёни сафар ба минтақаи шимоли кишвар ба масъалаи омодагии вилояти Суғд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Мувофиқи нақшаҳои ҳукумати вилояти Суғд, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар минтақаи шимоли кишвар ба истифода додани зиёда аз 6,5 ҳазор иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки 300-тоаш корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.