Омодагиҳо ба сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Ворух: АКС

Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух, ки тибқи хабарҳои пешакӣ, қарор аст 8-уми апрел сурат бигирад, дар пасманзари баҳсҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари ин ҷамоати марзии Исфара, мавриди таваҷҷуҳи хоси мардуми Тоҷикистон қарор дорад.  Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ин минтақаи хос дар баробари мулоқот бо мардуму ифтитоҳи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух, ки тибқи хабарҳои пешакӣ, қарор аст 8-уми апрел сурат бигирад, дар пасманзари баҳсҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бар сари ин ҷамоати марзии Исфара, мавриди таваҷҷуҳи хоси мардуми Тоҷикистон қарор дорад. 

Интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ин минтақаи хос дар баробари мулоқот бо мардуму ифтитоҳи иншооту дигар лоиҳаҳои муҳим барои мардум, ҳамчунин мавқеи Тоҷикистонро дар суханрониҳояш вобаста ба масоили марзӣ баён кунад.

Гуфта мешавад, ки дар Ворух барои мулоқот бо раисҷумҳур барои тақрибан 2 ҳазор нафар ҷой омода шуда истодааст. Интизор меравад, дар ин сафар майдони боғ ва парчами давлатӣ, қасри фарҳанг дар ин деҳа ба истифода дода шаванд.

Сафари раисҷумҳур ба вилояти Суғд имрӯз оғоз мешавад. Зимни сафар президент бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, бо фаъолон ва аҳолӣ мулоқот мекунад, инчунин дар маросимҳои мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншшоти нав ширкат варзида, ба татбиқи як қатор лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ба минтақаи шимоли кишвар ба масъалаи омодагии вилояти Суғд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Мувофиқи нақшаҳои ҳукумати вилояти Суғд, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар минтақаи шимоли кишвар ба истифода додани зиёда аз 6,5 ҳазор иншооти нав пешбинӣ шудааст, ки 300-тоаш корхонаҳои саноатӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.