Тасдиқи замони бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар Душанбе

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 20 май дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”-и минтақаи Марказӣ дорандаи медалҳои нуқраи Чемипионати Лигаи олии футболи Тоҷикитсон “Хуҷанд”, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати футболи Ӯзбекистон – “Насаф”-и Қаршӣ, “Олтин Асир”-и Ашқобод (Туркманистон) ва соҳиби ҳозираи “Ҷоми футболи Қирғизистон “Олой”-и Ош рақобат мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мувофиқи қарори КФО, бозиҳо бо иштироки бошгоҳи “Хуҷанд” соати 21:05 дақиқа оғоз мегарданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” аз 14 то 20 май дар Бигшкек доир мегардад. Дар ин гурӯҳ соҳиби ҳозираи Ҷоми футболи Тоҷикистон бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб”, қаҳрамони Чемпионати футболи Қирғизистон – “Дордой” ва дорандаи медалҳои нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон – “Аҳал” бозӣ мекунанд. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов саоти 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони гурӯҳҳои минтақаи Марказии Ҷоми КФО-2021 дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд, ки аз ду вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.