Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух ташриф овард

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ташриф овард. Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ боз мешаванд. Ҳамчунин ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ, маркази […]

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ташриф овард.

Дар ин ҷо бо иштироки сарвари давлат иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла бинои таъмиру навсозишудаи “Кохи фарҳанг”, бинои нави мактаби таҳсилоти умумӣ боз мешаванд. Ҳамчунин ба истифода додани хати нави оби нӯшокӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва истеҳсоли шириниҳо, инчунин боғи интенсивӣ пешбинӣ шудааст.

То ин дам ӯ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи фароғатӣ ва варзишӣ, варзишгоҳҳои болопӯшида ва фазояшон кушода дар ин ҷамоат ҳузур дошт.

Ҳамчунин сарвари давлат бо сокинон ва фаъолони ҷамоат мулоқот мекунад. Дар Кохи фарҳанг барномаи фарҳангӣ ва консерт баргузор мешавад.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва хатти оби нӯшоки дар шаҳраки Шӯроб ҳузур дошт.

Дар ин шаҳрак ӯ ба 20 нафар калиди манзили истиқоматӣ тақдим карда, ҳамчунин бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатӣ шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.