Тасдиқи замони бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар Душанбе

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 20 май дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ кард. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”-и минтақаи Марказӣ дорандаи медалҳои нуқраи Чемипионати Лигаи олии футболи Тоҷикитсон “Хуҷанд”, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати футболи Ӯзбекистон – “Насаф”-и Қаршӣ, “Олтин […]

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 20 май дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”-и минтақаи Марказӣ дорандаи медалҳои нуқраи Чемипионати Лигаи олии футболи Тоҷикитсон “Хуҷанд”, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати футболи Ӯзбекистон – “Насаф”-и Қаршӣ, “Олтин Асир”-и Ашқобод (Туркманистон) ва соҳиби ҳозираи “Ҷоми футболи Қирғизистон “Олой”-и Ош рақобат мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мувофиқи қарори КФО, бозиҳо бо иштироки бошгоҳи “Хуҷанд” соати 21:05 дақиқа оғоз мегарданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” аз 14 то 20 май дар Бигшкек доир мегардад. Дар ин гурӯҳ соҳиби ҳозираи Ҷоми футболи Тоҷикистон бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб”, қаҳрамони Чемпионати футболи Қирғизистон – “Дордой” ва дорандаи медалҳои нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон – “Аҳал” бозӣ мекунанд. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов саоти 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони гурӯҳҳои минтақаи Марказии Ҷоми КФО-2021 дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд, ки аз ду вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.