Тоҷикистону Эрон Кумитаи муштараки дифоӣ таъсис медиҳанд

Asia-Plus

Сардори Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммад Боқирӣ рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки Эрону Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи муштараки мудофиа ва ҳарбӣ тавофуқ ҳосил кардаанд, хабар медиҳад ИРНА.

Пас аз вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо, ки дар Эрон қарор дорад, генерал Боқирӣ гуфтааст, Кумита ҳамкориҳои ҳарбии минбаъда ва робитаҳои дуҷониба дар соҳаи мудофиаи кишварҳоро муайян ва танзим мекунад.

Ӯ зикр кардааст, ки сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Теҳрон барои тавсеъаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Эрон замина гузошта, ин ҳамкорӣ байни Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳо ба таҳкими таъмини амният ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунад.

Пас аз вохӯрии дуюми вазирони мудофиаи Тоҷикистону Эрон вазири мудофиаи ин кишвар Амир Ҳотамӣ зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки барои ҳамкории кишварҳо дар соҳаи таъмини амният ва мудофиа бисёр асосҳои гуногун мавҷуданд.

Амир Ҳотамӣ гуфт, Эрону Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои минтақа ба чолишҳои террористӣ осебпазиранд ва бо дастгирӣ аз ин гуфтаҳои ӯ Шералӣ Мирзо иброз дошт, ки самаранокии мубориза бо терроризм дар минтақа ба густаришгиҳамкориҳои давлатҳои минтақа вобаста аст.

Эрон бемамониат таҳҷҳизоти мудофиавӣ содирот карда метавонад

Қаблан зимни вохӯрӣ бо ҳамтои точики худ Ҳотамӣ изҳор намуда буд, ки таҳримҳои байнулмилалӣ нисбат ба фурӯши таҷҳизоти соҳаи мудофиаи Эрон соли гузашта бекор шуда, акнун дар ин самт ҳеҷ монеъае нест.

“Хушбахтона, маҳдудияти байнулмилалии фурӯши силоҳи Эрон моҳи октябри соли 2020 бар асоси қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти СММ хотима ёфта, акнун дар содироти молу таҷҳизоти мудофиавӣ Эрон дигар ҳеҷ мушкиле надорад”, – гуфт вазири мудофиаи Эрон.

Ӯ ба масъалаи ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, аз қабили ДОИШ дар баъзе кишварҳои минтақа дахл карда, таъкид дошт, ки Эрон мудом ҳама гуна дахолати кишварҳои фароминтақавиро бо баҳонаи мубориза бо терроризм рад мекард.

Генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар навбати худ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо бо Эрон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсиву ҳарбӣ ва мудофиавӣ омода аст.

“Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар таъмини сулҳу субот дар минтақа, мубориза бо терроризим ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин таҳкими амнияти минтақавӣ хеле муҳим аст”, – гуфт Шералӣ Мирзо.

Қобили зикр аст, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта бо даъвати расмии вазири мудофиаи Эрон Амир Ҳотамӣ ба Теҳрон омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...