Темур Раҳимов ҳам медали биринҷиро аз қаҳрамонии Осиё ба Тоҷикистон меорад

Темур Раҳимов паҳлавони хушноми тоҷик дар рӯзи охирини рақобатҳои Asia-Oceania Senior Championships низ барандаи медали биринҷӣ шуд. Ин севумин медали паҳлавонони ҷудокори тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё аст. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг медали нуқра ва имрӯз Комроншоҳ устопириён медали бириҷнӣ ба даст оварданд.  Темур Раҳимов дар вазни +100 дар даври аввал паҳлавони ҳинд Карам […]

Темур Раҳимов паҳлавони хушноми тоҷик дар рӯзи охирини рақобатҳои Asia-Oceania Senior Championships низ барандаи медали биринҷӣ шуд. Ин севумин медали паҳлавонони ҷудокори тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё аст. Дирӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг медали нуқра ва имрӯз Комроншоҳ устопириён медали бириҷнӣ ба даст оварданд. 

Темур Раҳимов дар вазни +100 дар даври аввал паҳлавони ҳинд Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври дигар  Юрий Краковетскийи намояндаи кишвари мизбонро аз сари роҳ дур кард. Аммо Раҳимов дар ниманиҳоӣ аз Хисаёши Харасаваи ҷопонӣ шикаст хӯрд.

Темурро барои соҳиби медали биринҷии ин мусобиқот шудан бар Кажибаев Ерасили пирӯз шуд.  

Аз Тоҷикистон дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг),  Темур Раҳимов ва хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100  ширкат карданд. 

Дастаи бонувони Тоҷикистонро дар ин сабқатҳо Аҳлия Муминова, Фазилат Гулбоева ҳар ду дар вазни (-52 кг) ва Шукрона Қарчиева, дар вазни (-48 кг) намояндагӣ карданд. 

Дастаи бонувони тоҷик дар рӯзи аввали рақобатҳо, 6-уми апрел рақобат карданд. Аҳлия ва Фазилат дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дурахшиши бештарро Шукрона Қарчиева дошт.

Шукронаи Қарчиева дар даври аввал бонуи ҷудокори чинӣ Ка Ки Вонгро шикаст доду дар даври дувум аз ҷудочии кишвари Тайбэйи Чин Лин Чен – Ҳао шикаст хӯрд. Дар даври шонси муҷадда варзишгарбонуи мизобон,  Айсулу Мусоқуловаро мағлуб кард ва барои рақобатҳои ба даст овардани медали биринҷӣ роҳ пайдо кард. Аммо Қарчиева барои медали биринҷӣ аз Гулнур Муратбаеваи ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд. 

Дар рӯзи дувум Ҳақназар Назаров дар вазни -81 дар даври аввал шикаст хӯрд ва Акмал Муродов дар ин вазн баъди як пирӯзӣ дар давру дувум дучори бохт шуд. 

Дар рӯзи севум  бародарон Ҷаҳонгир ва Хуршед Маҷидовҳо дар ин сабқатҳо дар давраҳои муқадамотӣ дар вазнҳои -90 ва +100 аз рақибони ӯзбеки худ Давлат Бобонов ва  Алишер Юсупов  шикаст хӯрданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Мансур Раҳмон дар вазни то -100 кило низ дар даври аввал аз Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия ноком шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.