Доллар дар Тоҷикистон бедараку қимат шуд

Дар бозори ғайриқонунии нақдии мубодилаи асъор (“бозори сиёҳ”) тайи чанд рӯзи ахир қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон қариб ба андозаи 3% боло рафт. Пештар дар бозори сиёҳ барои 1 доллар 11,5 сомонӣ пешниҳод карда, имрӯз онро ба 11,8 сомонӣ иваз мекунанд. Қобили зикр аст, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои мубодилаи ғайриқонунии асъор […]

Дар бозори ғайриқонунии нақдии мубодилаи асъор (“бозори сиёҳ”) тайи чанд рӯзи ахир қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллии Тоҷикистон қариб ба андозаи 3% боло рафт.

Пештар дар бозори сиёҳ барои 1 доллар 11,5 сомонӣ пешниҳод карда, имрӯз онро ба 11,8 сомонӣ иваз мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои мубодилаи ғайриқонунии асъор вобаста ба андозаи он ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Амалиёти мубодилаи асъор шурӯъ аз моҳи декабри соли 2015 танҳо дар воҳидҳои ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст.

Арзиши доллар дар бозори сиёҳ ва дар ҳама гуна дигар бозор вақте боло меравад, ки талабот нисбат пешниҳод хеле зиёд шавад. Бо истифода аз набудани асъор дар бонкҳо, шахсони машғул ба мубодилаи асъор фаъолтар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар аксари нуқтаҳои бонкии пойтахт доллару рубл намефурӯшанд. Дар ин нуқтаҳо мегӯянд, айни замон чунин асъор надоранд ва танҳо дар сурати аз ҷониби мизоҷон иваз шудани доллару рубл ба сомонӣ, онро пешниҳод карда метавонанд.

“Мо танҳо асъореро фурӯхта метавонем, ки дар навбати худ аз дигар мизоҷон гирифтаем. Ҳозир захираҳои худӣ надорем”, – гуфтанд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори “Ориёнбонк” ва “Спитаменбонк”.

Қурби фурӯши доллари нақд ва рубл дар бонкҳо бетағйир боқӣ мемонад – 11,34 сомонӣ барои 1 доллар ва 0,149 сомонӣ барои 1 рубл.

Қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бонкҳои тиҷоратӣ зимни муқаррар намудани қурбҳои худ онро ба инобат мегиранд, низ қариб бетағйир боқӣ мемонад.

Аз оғози сол он ҳамагӣ ба андозаи 0,2%: аз 11,39 дар 1 январ то ба 11,32 дар имрӯз, 8 апрел тағйир ёфт.

Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ баръакс, ба андозаи 3,3% поин рафт: аз 0,150 дар 1 январ то ба 0,45 дар имрӯз.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 16,6% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то 11,3 сомонӣ. Тайи даҳсолаи ахир қурби сомонӣ нисбат ба доллар танҳо соли 2015 аз ин андоза бештар – 34% беқурб шуда буд.

Беқурбшавии соли гузашта бар асари тасҳеҳи дукаратаи Бонки миллии Тоҷикистон (нимаи моҳи апрел ва аввали моҳи ноябр) ба вуҷуд омад. Дар Бонки миллӣ ин амалро бартараф кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрибонкӣ (“бозори сиёҳ”) маънидод карданд.

Нишондиҳандаи манфии тавозуни савдо (зиёд будани воридот нисбат ба содирот), инчунин афзоиши хароҷоти асъории буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатӣ аз ҷумлаи сабабҳои асосии болоравии талабот  ба асъори хориҷӣ дониста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.