Дастаи чоруми ҳарифи “Истиқлол” дар гурӯҳи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 маълум шуд

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии плей-офф миёни дастаҳои “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) дастаи чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 дар зергурӯҳи “А” маълум шуд. Ба дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) тими АГМК (Ӯзбекистон) илова шуд, ки дар бозии дар боло зикршуда футболбозони арабро бо ҳисоби 1:0 […]

Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии плей-офф миёни дастаҳои “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Ӯзбекистон) дастаи чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 дар зергурӯҳи “А” маълум шуд.

Ба дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) тими АГМК (Ӯзбекистон) илова шуд, ки дар бозии дар боло зикршуда футболбозони арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел баргузор хоҳад шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бо иштироки тими қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол” дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ баргузор хоҳад кард. Дар бозии нахустини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи пурнуфузарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 15-уми апрел бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

Тибқи Тартиби баргузории ин мусобиқа, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Дар ҳайати тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи пурнуфузтарини Осиё дар минтақаи Шарқ 24 бозингар, аз ҷумла 4 легионер аз Украина, Ҷопон ва Голландия бозӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.