Комроншоҳ Устопириён соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии ҷудои Осиё шуд

Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия, ки дар даври ниманиҳоӣ шикаст хӯрда буд соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин панҷумин медали Комроншоҳ аз мусобиқоти ҷаҳрамониҳои ҷудои Осиё аст. Комроншоҳ ду бор: солҳои 2016 ва 217 қаҳрамони ҷудои Осиё шудааст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ягонаи қаҳрамони Осиё аст.  Паҳлавонони дигари тоҷик дар рӯзи охирини рақобатҳо  ба […]

Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнусия, ки дар даври ниманиҳоӣ шикаст хӯрда буд соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ин панҷумин медали Комроншоҳ аз мусобиқоти ҷаҳрамониҳои ҷудои Осиё аст. Комроншоҳ ду бор: солҳои 2016 ва 217 қаҳрамони ҷудои Осиё шудааст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ягонаи қаҳрамони Осиё аст. 

Паҳлавонони дигари тоҷик дар рӯзи охирини рақобатҳо  ба нокмӣ дучор шуданд. 

Комроншоҳи Устопириён (-90кг) дар ин сабқатҳои Asia-Oceania Senior Championships дар даври ниманиҳоӣ бо соҳиби ду нишони тиллои “Тоскулоҳи бузург” Сёитиро Мукайии ҷопонӣ рақобат намуд, ки ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Комроншоҳ барои соҳиб шудани медали биринҷӣ бо Бу Ҳебилиги чинӣ мубориза кард ва ӯро шикаст дод.

Ин паҳлавони хушноми тоҷик то расидан ба марҳилаи ниманиҳоӣ  паҳлавони туркман Шатлик Тораев ва Ислом Бозбаев қазоқро шикаст дод.

Комроншоҳ ҳамчунин соли 2015 медали биринҷии ин қаҳрамонӣ ва соли 2019 медали нуқраи ин сабқатҳоро ба даст оварда буд.

Темур Раҳимов паҳлавони дигари тоҷик дар вазни +100 дар даври аввал паҳлавони ҳинд Карам Бирро мағлуб кард. Дар даври дигар  Юрий Краковетский и намояндаи кишвари мизбонро аз сари роҳ дур кард. Аммо Раҳимов дар ниманиҳоӣ аз Хисаёши Харасаваи ҷопонӣ шикаст хӯрд.

Темурро бояд барои соҳиби медали биринҷии ин мусобиқот шудан бар Кажибаев Ерасили қазоқ пирӯз шавад.  

Бародарон Ҷаҳонгир ва Хуршед Маҷидовҳо дар ин сабқатҳо дар давраҳои муқадамотӣ дар вазнҳои -90 ва +100 аз рақибони ӯзбеки худ Давлат Бобонов ва  Алишер Юсупов  шикаст хӯрданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило дар даври аввал аз Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия ноком шуд.

Ягонаи дастоварди баландтарини Тоҷикистон дар Asia-Oceania Senior Championships медали нуқраи ҷудокори ҷаҳонии тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 дар рӯзи дувуми ин мусобиқот буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.