Зинаи 121-уми Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) раддабандӣ (рейтинг)-и тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1151 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 121-умро ишғол кардааст. Дар раддабандии моҳи феврали ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо 1144 имтиёз дар зинаи 120-ум қарор дошт. Миёни кишварҳои қораи Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад. Дар Осиё зинаи аввалро бо 1509 […]

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) раддабандӣ (рейтинг)-и тимҳои мунтахабро ба нашр расонид. Бо касби 1151 имтиёз мунтахаби миллии Тоҷикистон дар он зинаи 121-умро ишғол кардааст.

Дар раддабандии моҳи феврали ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо 1144 имтиёз дар зинаи 120-ум қарор дошт.

Миёни кишварҳои қораи Осиё Тоҷикистон мақоми 22-юмро ишғол мекунад.

Дар Осиё зинаи аввалро бо 1509 хол тими Ҷопон (зинаи 29-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро бо касби 1462 имтиёз дастаи Эрон (31-ум дар ҷаҳон) ва ҷойи сеюмро Кореяи Ҷанубӣ бо 1460 хол (39-ум дар ҷаҳон) касб кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Ӯзбекистон дар зинаи аввал, дар Осиё – ҷойи 12-ум ва дар ҷаҳон дар мақоми 86-ум ҷойгир шудааст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дар давраи 4 сол дода мешавад.

Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.