13-уми апрел: Оғози Рамазон дар Тоҷикистон эълон шуд

Шӯрои уламои Маркази ислоии Тоҷикистон 13-уми апрелро рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кард. Ба ҳамин тартиб шаби 12-уми апрел шаби аввали намози таровеҳ дар Тоҷикистон мебошад. Шӯрои уламо ин рӯзро дар асоси хулосаи пешниҳодкардаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон кардааст.  Дар ин бора ба "Азия Плюс" Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, феълан […]

Шӯрои уламои Маркази ислоии Тоҷикистон 13-уми апрелро рӯзи оғози моҳи шарифи Рамазон эълон кард. Ба ҳамин тартиб шаби 12-уми апрел шаби аввали намози таровеҳ дар Тоҷикистон мебошад. Шӯрои уламо ин рӯзро дар асоси хулосаи пешниҳодкардаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон кардааст. 

Дар ин бора ба "Азия Плюс" Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, феълан ҷаласаи Шӯърои уламо идома дорад. Ба гуфтаи Афшини Муқим ин Шӯро ҳамчунин ҳаҷми садақаи фитр ва нисоби закотро дар Тоҷикистон муайян кардааст. 

Ба гуфти Афшини Муқим вобаста вазъи эпидемологӣ дар мавриди намози таровеҳ Ситоди ҷумҳурявии муқобила бо паҳншавии коронавирус ҳеч маҳдудияте нагузоштааст, аммо рияои қоидаҳои беҳдоштӣ талаб карда мешавад.

Ӯ гуфт, ки мувофиқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон нафароне, ки бештар аз 25 000 сомонӣ доранд соҳибнисоб эътироф мешаванд ва бояд 625 сомонӣ закот бидиҳанд.

Ҳамчунин Шӯрои уламо садақаи фитр ё ҳаҷми фитри рӯзаро мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 6 сомонӣ тасдиқ кардаааст.

Инчунин ҳар нафаре, ки имконияти рӯза гирифтан надорад – соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ӯ бояд 360 сомонӣ фидяи савм, яъне 12 сомонӣ барои ҳар рӯзи Рамазон хайр кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.