Кумаки мутахассисони озарбойҷонӣ ба Тоҷикистон дар таъсиси технопаркҳо

Намояндагони ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Озарбойҷон бо вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир ба таҳияи қонунгузорӣ ва таъсиси паркҳои техникӣ табодули таҷриба намуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ. Ба иттилои манбаъ, мутахассисони озарбойҷонӣ аз ҷониби Вазорати саноат баҳри роҳандозии ҳамкорӣ оид ба таъсиси паркҳои техникӣ ба Тоҷикистон даъват шудаанд. […]

Пайрав Чоршанбиев

Намояндагони ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Озарбойҷон бо вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон доир ба таҳияи қонунгузорӣ ва таъсиси паркҳои техникӣ табодули таҷриба намуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони озарбойҷонӣ аз ҷониби Вазорати саноат баҳри роҳандозии ҳамкорӣ оид ба таъсиси паркҳои техникӣ ба Тоҷикистон даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, вохӯрии мутахассисони парки Сумгаит бо намояндагони Вазорати саноат ва вакилони парлумон рӯзи 5 апрел доир гардид.

Мутахассисони озарбойҷонӣ ҳамчунин бо раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид карда, зимни вохӯрӣ масоли вобаста ба имтиёзҳои мавҷуда барои корхонаҳои саноатӣ, хусусан дар паркҳои саноатӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ баррасӣ шуд.

Қаблан Вазорати саноат дар бораи нияти таъсиси парки технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Гурҷистон, Молдова, Украина ва Беларус хабар дода буд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки то ҳол чунин паркҳо надорад. Нахустин IT Park-ҳо дар Қазоқистон ҳанӯз соли 2003, дар Қирғизистон – соли 2013, Туркманистон – соли 2018 ва Ӯзбекистон – соли 2019 таъсис дода шудаанд.

Бархе аз мутахассисон мегӯянд,  пештар Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи технологияҳои нав 3-4 сол ва акнун – даҳсолаҳо қафо мондааст.

Дар гузориш оид ба технология ва инноватсияҳо (Technology and Innovation Report 2021), ки 25 феврали ҳамин сол аз ҷониби Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд нашр шуд, Тоҷикистон ба сафи 15 кишвари бештар омоданабудаи ҷаҳон ба технологияҳои нав шомил гардидааст.

ҶДММ «Парки саноатӣ-кимиёвии Сумгаит»-и Вазорати иқтисоди Озарбойҷон моҳи декабри соли 2011 таъсис ёфта, моликияти ҷамъиятӣ мебошад. Айни замон дар қаларави ин парк ҳудуди 30 корхона фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.