Сафорати Русия бори дигар сафари озодонаро ба Маскав шарҳ дод

Сафорати Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тартиби роҳ додани мусофиронро ба парвозҳои доимӣ ва чартерӣ, ки аз Тоҷикистон ба Русия анҷом дода мешаванд, шарҳу тавзеҳ дод. Дар маълумот изҳор мешавад, ки айни замон алоқаи ҳавоии мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае ду парвоз (як парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои […]

Сафорати Русия дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук тартиби роҳ додани мусофиронро ба парвозҳои доимӣ ва чартерӣ, ки аз Тоҷикистон ба Русия анҷом дода мешаванд, шарҳу тавзеҳ дод.

Дар маълумот изҳор мешавад, ки айни замон алоқаи ҳавоии мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон миёни пойтахтҳои ду кишвар ҳафтае ду парвоз (як парвозӣ аз ҷониби ширкатҳои «ЮТэйр» ва «Сомон Эйр») ба роҳ монда шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба парвоз тариқи ин хатсайрҳо озодона роҳ дода шуда, бояд хулосаи муассисаи тиббиро (бо забони русӣ) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус тибқи натиҷаҳои ПСР-тест  пешниҳод кунанд, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи боқимонда хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки ҳозир аз Тоҷикистон ба ин кишвар анҷом дода мешаванд, бо шумули “Уральские авиалинии”, мақоми чартерӣ (бору мусофиркашонӣ) доранд.

Бо ин хатсайрҳо шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шарти доштани асосҳои иловагии дар фармоиши ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 №635-р зикршуда парвоз карда метавонанд.

Тавре намояндагии дипломатӣ зикр мекунад, тартиби мазкур аз ҷониби сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар тасдиқ шудааст.

Бо ин назардошт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки асосҳои зикршуда надоранд, ба парвоз тариқи хатсайрҳои чартерӣ роҳ дода намешаванд.

Қобили зикр аст, ки дарёфти билет ба парвозҳои доимӣ ба Маскав (ҳоло танҳо бо ҳамин шаҳр алоқаи доимӣ барқарор шуд) барои сокинони Тоҷикистон хеле мушкил аст.

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе издиҳоми мардум шабонарӯзӣ навбатпойӣ мекунанд, то ки билет харанд, лекин тибқи баъзе маълумот, билетҳо аллакай то тобистон фурӯхта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.